Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Русия 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд

© Фото : фото Маленькая СызраньДТП под Сызранью 9 мая
ДТП под Сызранью 9 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Самара дар натиҷаи садама ду автомобил чаппа шуда, ронандаҳои онҳо кушта ва 5 мусофир захмӣ шудаанд

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Субҳи 9-уми май дар ҳудуди вилояти Самара  -  шоҳроҳи "М-5" Урали ноҳияи Сизран садамаи мудҳиши нақлиётӣ  ба амал омад, ки дар натиҷаи он се шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва се каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Чуноне ки хадамоти матбуоти раёсати ШКД ФР дар вилояти Самара хабар медиҳад, рӯзи 9-уми май, тақрибан соати 06:35 дар 918-ум километрии роҳи автомобилгарди М- 5 "Урал" автомашинаҳои "ВАЗ-2106" ва "Peugout 206" ба ҳам бар мехӯрданд.  Дар натиҷа ҳар ду автомобил аз сахтии зарбаи садама  чаппа шуданд.  

Дар пайи садама 8 нафар зарар бардошта,  аз ҷумла се  мард ба ҳалокат расид. 5 мусофири дигар, бо ҷароҳатҳои гуногун,  аз ҷумла як ноболиғ ба беморхона интиқол ёфтаанд.

Дар шумори ҷароҳатбардоштагон  се шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ қоидаи ҳаракати роҳро шаҳрванди Тоҷикистон ронандаи автомашинаи "Peugout 206" вайрон кардааст, хабар медиҳад сомонаи иттилоотии Волга Нюс.

Вай ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо автомашинаи  ВАЗ 2106 бархӯрдааст, ки онро ронанда Андрей Мухин идора мекард.

Ҳар ду ронандаҳо низ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин як нафар мусофири автомашинаи хориҷӣ шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дода мешавад, ки автомашинаи "Peugout 206", ки дар дохили он шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштанд, барои убур намудани сарҳад ба Қазоқистон равон буд.

Лентаи хабарҳо
0