ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар паи заду хӯрдҳои сездаҳрӯза тавонистанд ду вулусволии ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз ҷангҷӯёни созмони ҳаросафкани "Толибон" озод кунанд.
Ба гузориши шабакаи телевизюнии Тулуъ, ҷангҷӯёни "Толибон" манотиқеро, ки дар вулусволиҳои Зебак ва Ишкошим ишғол карда буданд, дар паи зарбаҳои нерӯҳои давлатӣ ва мардумии Афғонистон аз даст доданд.
Низомиёни Афғонистон гуфтаанд, ки ҷангҷӯёни "Толибон" амалиёти "Мансурӣ"-ро, ки оғозашро пештар эълом карда буданд, бохтаанд ва аз дигар манотиқ низ ронда хоҳанд шуд.
"Мо комилан омода ҳастем манотиқи ишғолшударо аз душман поксозӣ кунем. Ба мардуми вилояти Бағлон итминон медиҳем, ки амнияташонро таъмин хоҳем кард", — гуфт яке аз фармондеҳон.
Низомиёни Афғонистон эълом кардаанд, ки "Толибон" дар ин задухӯрдҳо бисёр ҷангҷӯёнашро аз даст додааст.