ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Чуноне ки дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, раҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов ҳамакнун дар вилояти Суғд қарор дорад.
Бино ба иттилои ин манбаъ, дар назар аст, ки имрӯз, 12 май раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карда чанд тавофуқнома барои ҳамкорӣ дар заминаҳои тиҷорату иқтисод, илму фанноварӣ ва ҳунару фарҳанг имзо кунанд.
Раҳбари Доғистон дар ин сафар ҳамчунин аз минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", маҷмааи торихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" ва Боғи милии "Ваҳдат" боздид хоҳад кард.