Ифтитоҳи мактаб аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара

Обуна шудан
Мактаби нав дар ноҳия аз ҳисоби буҷаи давлатӣ дар давоми 18 моҳ барои таҳсили зиёда аз 1300 хонанда сохта ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара боз як мактаби наву замонавиро ифтитоҳ намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мактаби нав дар дар деҳаи Сангтудаи Ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара — Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9  бунёд ёфта, барои таҳсили зиёда аз 1300 омода шудааст.

Мактаби замонавӣ аз 20 синфхона, толори варзишӣ, китобхона бо ҳазорхо нусха китоби таълимиву бадеӣ ва китобхонаи муосири электронӣ бо 25 компютер, толори фарҳангӣ бо беш аз 200 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ — синфхонаҳои дӯзандагиву қаннодӣ, синфхонаи коркарди чӯбу тахта, ошхона, ҳамчунин аз утоқи хизматрасонии тиббӣ иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи расмии ин даргоҳи таълимӣ, бо шароити мактаб-синфхонаҳо ва утоқҳои таълимию истеҳсолӣ шинос шуд.

Дар рафти боздид аз шароити мактаби наву замонавӣ Сардори давлат бо устодону толибилмон суҳбат ороста, ҷиҳати омӯзиши дақиқи илм ва забонҳои хориҷӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Хабар дода мешавад, ки муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷаи давлат сохта ба истифода дода шуд.

Тибқи ахбори манбаъ,  бо фаъолияти пурраи мактаб беш аз 68 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими ифтитоҳи мактаб бо хонандагон ва сокинони ҷамоат сӯҳбат орост.

Таъкид гардид, ки дар замони истиқлолият дар ноҳияи Данғара аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 8 муассисаи нави таълимӣ бо 1670 ҷойи нишаст ба истифода дода, ҳамаи муассисаҳои таълимии зикргардида бо таҷҳизоти зарурии таълим ва шароити муосир таъмин карда шуданд.

Устодону хонандагони мактаб ба Сарвари давлат барои дастгирӣ сипосгузор гаштанд.

 

Лентаи хабарҳо
0