ДУШАНБЕ, 11 май — Sputniк. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Куреи Ҷанубиро ба муносибати ба симмати сарварӣ интихоб шуданаш табрик кард.
Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст.
"Ҷаноби Олӣ, дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии раиси Ҷумҳури Курея сарфарозам ба шумо табрикоти самимии худро ирсол намоям.
Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари шумо қаноатмандем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн назари некбинона дорем.
Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои мо, ки чанде пеш 25-солагии оғози онҳоро ҷашн гирифтем, ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои бозҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт, ба шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиву дастовардҳои навин баҳри пешрафт ва шукуфоии Ҷумҳурии Куреи Ҷанубии дӯст орзумандам".