ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии вазорати корҳои дохилаи ҶТ, ин сокини ноҳияи Мурғоб дар паи баргузории бозҷуст аз сӯи нерӯҳои интизомии ҳамин ноҳия дастгир шудааст.
"Ҳангоми бозрасии шахсӣ аз дасти вай як халтаи полиэтиленӣ, ки дар дарунаш беш аз 31 грам санги сурхранг буд, пайдо ва мусодира карда шуд", — омадааст дар гузориши нерӯҳои интизомӣ.
Ташхиси коршиносон маълум кард, ки дар дохили халта сангҳои гаронбаҳои ёқут буда, муттаҳам мехост онҳоро ғайриқонунӣ муомила кунад.
Равобити умумии ВКД ҶТ эълом карда, ки бозҷӯён барои расидагӣ ба ин қазия парванда оғоз кардаву бозҷӯиро идома медиҳанд.