ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон эълом карда, ки дар паи гарм шудани ҳаво ба барфу пиряхҳо дар кӯҳсорҳо об шудан хоҳанд гирифт, ки туғёни рӯдҳо ва гилшору заминлағжишу сангрезишро дар пай хоҳад дошт.
Аз ин рӯ, Кумитаи умури изтирорӣ ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми гузаштан аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд.
Созмони ҳавошиносони кишвар пешбинӣ карда, ки ҳаво рӯзҳои 12 — 15 май якбора гарм шуда, дамо дар даштҳо рӯзона то 41 дараҷа ва дар доманакӯҳу кӯҳистонҳо то 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.