Гумруки Тоҷикистон ҳафтуним тон қаламфури қочоқиро боздошт кард

© Sputnik / Мамадалиев / Гузариш ба медиабонкКрасный перец, архивное фото
Красный перец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз қочоқи маҳмулаи бузурги қаламфур аз хориҷа пешгирӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Кормандони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вуруди қочоқии маҳмулаи бузурги қаламфури булғорӣ ва тунд ба вилояти Суғд пешгирӣ карданд.

Ба гузориши равобити умумии гумрук, кормандони ин созмон дар роҳи Конибодом — Хуҷанд як худрави боркаши «Мерседес-Бенс»-ро боз истонданд, ки ронандааш аз ноҳияи Истаравшан буд. Дар паи бозрасии боркаш дар пушти он беш аз 7,5 тон қаламфур ёфт шуд.

Гумрукиён ошкор карданд, ки ин бор аз они А.С. ном сокини 39-солаи шаҳри Кӯлоб будааст. Ин қаламфур аз Қирғизистон ғайриқонунӣ оварда мешуд. Арзиши куллии бор 329 680 сомонӣ (беш аз 2 милюн рубл) баровард шудааст.

Кормандони гумрук барои бозҷӯии қонуншикании ин сокини Кӯлоб аз рӯи моддаи 289 қисми 2 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карданд.

Лентаи хабарҳо
0