Ҳайъати ҳунармандони узбак 55 нафарро ташкил медиҳад, ки дар шумори онҳо ҳунарманди халқии ҶУ Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов ва овозхон Севинч Муминова ва Ансамбли давлатии суруд ва рақси "Узбекистон" мебошанд.
Дар консерт вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзод, муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода, ҳунарманд Афзалшоҳ Шодиев, шоир Гурез Сафар, нависанда Ато Ҳамдам, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва намояндагони дипломатӣ иштирок доштанд.

1/9
© Sputnik
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

2/9
© Sputnik
Дар саҳнаи театр ҳунарманди халқии Узбакистон Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд намозов ва Севиня Мӯминова

3/9
Ансамбли давлатии тарона ва рақси "Узбекистон"

4/9
Рақси зебо бо либоси зебо

5/9
© Sputnik
Ҳунарпешаи шоистаи Узбакистон Маҳмуд Намозов

6/9
© Sputnik
Ансамбл дар рақси гурӯҳӣ

7/9
© Sputnik
Севинч Мӯминова диққати мухлисонро махсусан ҷалб кард

8/9
© Sputnik
Рақси хоразмӣ дар иҷрои ансамбли "Узбекистон"

9/9
© Sputnik
Мухлисон ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои дуру дароз гусел карданд