Ҳошим Гадо: Ҷаноби олӣ маро дубора эҳё кард

Обуна шудан
Коргардону ҳунарпешаи театру синамо ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, барандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҳошим Гадо 10-уми май 80-сола шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин ҳунарпешаи номдорро дар рӯзи зодрӯзаш бо унвони "Арбоби ҳунари Тоҷикистон" сарфароз кард.

Ҳошим Гадо пас аз мулоқот бо раисҷумҳур изҳор дошт, Эмомалӣ Раҳмон ӯро дубора эҳё кардааст.

"Ман дар тӯли 55 сол, чӣ дар театр ва чӣ дар кино, бештар нақшҳоеро иҷро кардаам, ки дар он маро мекушанд. Имрӯз дар ҳаёти ман рӯзест, ки Ҷаноби олӣ маро аз нав эҳё кард, маро зинда кард", — изҳор дошт вай.

Ҳунарманд афзуд, ки дар сохтмони НБО Роғун ба раисҷумҳур муваффақият таманно дорад.

"Орзуҳои баландтарини Эмомалӣ Раҳмон — бунёди НБО Роғун ҷомаи амал пӯшад ва ҳар як хонаи тоҷик бо нерӯи он таъмин шавад", — гуфт Ҳошим Гадо.

Лентаи хабарҳо
0