Сарбози тоҷик дар вилояти Псков ба хок супурда шуд

© Фото : Пресс-служба посольства РТ в ТаджикистанеЗахоронение останков Турдиназара Тагаева
Захоронение останков Турдиназара Тагаева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар остонаи Рӯзи Пирӯзӣ дар ноҳияи Пушкиногорски вилояти Псков маросими хоксупории шаҳиди Ҷанги Бузурги Меҳанӣ аз Тоҷикистон Турдиназар Тағоев баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputniк. Дар остонаи ҷашни Рӯзи Пирӯзӣ дар рустои Чертова Гора дар вилояти Псков маросими хоксупории сарбози шуравӣ шаҳид Турдиназар Тағоев баргузор шуд.

Ба гузориши сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар ин маросим, ки бо ташрифоти комили низомӣ ва иҷрои ойинҳои исломӣ баргузор шуд, вобастаи низомии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Фаридун Раҷабов ширкат ва суханронӣ кард.

© Фото : Пресс-служба посольства РТ в ТаджикистанеЗахоронение останков Турдиназара Тагаева
Захоронение останков Турдиназара Тагаева - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Захоронение останков Турдиназара Тагаева
© Фото : Пресс-служба посольства РТ в ТаджикистанеЗахоронение останков Турдиназара Тагаева
Захоронение останков Турдиназара Тагаева - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Захоронение останков Турдиназара Тагаева
© Фото : Пресс-служба посольства РТ в ТаджикистанеЗахоронение останков Турдиназара Тагаева
Захоронение останков Турдиназара Тагаева - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Захоронение останков Турдиназара Тагаева
1/3
Захоронение останков Турдиназара Тагаева
2/3
Захоронение останков Турдиназара Тагаева
3/3
Захоронение останков Турдиназара Тагаева

Бозмондаҳои пайкари ин сарбози шаҳидро ҷӯяндагони гурӯҳи "Безымянный" тобистони соли 2015 дар ноҳияи Пушкиногорск боз ёфта буданд. Аз онҷо ҳамчунин ду нишони "Шуҷоъат" низ ёфт шуда буд, ки аз рӯи шумораҳои онҳо дар бойгонии Вазорати дифоъи Русия номи дорандаашон шиносоӣ шуд. Ин шаҳид Турдиназар Тағоев будааст, ки соли 1922 дар ноҳияи Кӯктош, ки акнун ноҳияи Рӯдакӣ ном дорад, зода шуда ва 28 июли соли 1941 ба Артиши Сурх даъват шуда будааст.

Турдиназар Тағоев дараҷаи низомии меҳгурӯҳбон дошта ва сардастаи гурӯҳони 4-уми тирандозии гурдони 2-вуми ҳанги 68-уми лашкари 23-уми Артиши якуми тохтовари Ҷабҳаи дувуми Балтика будааст.

Вай 23 июни соли 1944 дар набарде шаҳид шуда аст, ки дар даҳкилуметрии рустои Михайловское — милки хонаводагии Александр Пушкин, сурат гирифта шуд. Пас аз шаҳодат ӯро бо нишонҳои "Ифтихор" дараҷаи севум ва "Ҷанги Меҳанӣ" дараҷаи дувум низ сарфарз карда буданд.

Худованд биёмурзадаш!    

Лентаи хабарҳо
0