ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳур ин унвони ифтихориро Эмомалӣ Раҳмон дар зодрӯзаш, имрӯз 10 май ба Ҳошим Гадоев тақдим кард.
Ҳошим Гадоев беш аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуъи ҳунари тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.