ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо сафари корӣ ба нерӯгоҳи Роғун рафта, бо масъулин ва сохтмончиён дидор ва гуфтугӯ кард.
Раисҷумҳур зимни суханронӣ гуфт, ки нерӯгоҳи Роғун дар оянда натанҳо барои рӯшан кардани манзилҳо, балки барои обёрӣ ва аз худ намудани заминҳои нав кумак хоҳад кард.
"Агрегати аввал бояд дар мӯҳлати муқарраршуда ба итмом расонида шавад",-гуфт раисҷумҳур зимни суханронӣ.
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки масъалаи харидории таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зери назорати қатъӣ бошад.
"Корҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ ва муҳайё намудани шароити зарурии зист барои муҳоҷирон дар ҷойҳои нави зист бояд вусъат бахшида шаванд".
То имрӯз барои сохтмон ва барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот шуда, соли ҷорӣ барои таъмир 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.