ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бунёди хайриявии " Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) соли аввал нест, куҳансарбозонро бо Иди ғалаба муборакбод мегӯяд.
Солиёни ҷанг ҳазорҳо ҷӯробҳои помирӣ ба фронт фиристода мешуд. Бештари ҷанговарон аз сардиҳои сахт ба воситаи ин ҷуроб худро ҳимоя мекарданд.
Ба гуфтаи роҳбари бунёди хайриявӣ Мемоншо Мемоншоев, ветеранҳо аз гирифтани ин гуна тӯҳфаи хотиравӣ хело хурсанд гаштанд.
"Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки мо қаҳрамонони худ- ҷанговароне ки барои наҷот додани башарият аз фашизм мубориза бурдаанд, дар хотир дорем",- афзуд вай.
Ба гуфтаи роҳбари "Даргил наник!" волонтерҳои ин бунёд на танҳо ба қаҳрамонҳои ҷанг, балки ба пирони барҷомонда ва нотавон кӯмаки худро дареғ намедоранд.