Ронандаи “Ҳово” сари 54 гӯсфандро “хӯрд”

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкРамаи гӯсфандон. Акс аз бойгонӣ
Рамаи гӯсфандон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ронанадаи боркаши “Ҳово” ҳангоми ҳаракат дар роҳ фармони худравро аз даст дода рамаи гӯсфандонро пахш кардааст

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон,  9-уми маи соли 2017, тахминан соати 00:20 дақиқа, ронандаи худрави боркаши «Ҳово», марди 23-солае аз шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба сӯи шаҳри Ваҳдат, дар километри 27-уми ин роҳ дар ҳудуди деҳаи Бӯстони ҳамин шаҳр, фармони худравро аз даст дода рамаи гӯсфандонро пахш кардааст.

Дар натиҷа, дар рамае, ки ба марди 58-солаи сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад, 94 сар гӯсфанд ҷароҳат бардошта, 54 сар аз онҳо талаф шудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, бозҷӯии ин рухдод идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0