ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷкистон, 7-уми майи соли 2017, тахминан соати 20.20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира" марди 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаннок", дар километри 264-уми ҳудуди ноҳияи Спитамен бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ду нафар марди 54 ва 49-солаи сокинони ноҳияи Деваштичро пахш намудааст.
Хабар дода мешавад, ки дар натиҷа, пиёдагардон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ҳодиса корҳои тафтишотӣ бурда мешавад.