Вазири умури хориҷаи Эрон бо раҳбарони Афғонистон дидор мекунад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМухаммед Джавад Зариф . Архивное фото.
Мухаммед Джавад Зариф . Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ба даъвати расмии ҳамтои афғонистонияш Салоҳиддин Раббонӣ ба Кобул меравад

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ба даъвати расмии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ фардо бо ҳайъати баландпояи сиёсӣ ба Кобул меравад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Баҳром Қосимӣ бо эълом ин хабар дар нишасти расонаӣ ҳамчунин афзуд:

"Зариф дар ин сафар афзун бар дидор бо ҳамтои афғонистонияш Салоҳидин Раббонӣ, бо раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси иҷроии давлати Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва бархе дигар аз мақомоти баландпояи он кишвар мулоқот мекунад".

Қарор аст дар ин сафар дар бораи паҳлӯҳои гуногуни равобити дуҷониба ва чигунагии иртиқоъи сатҳи муносиботи ду кишвар ва ҳамчунин охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ низ гуфтугӯву ройзанӣ сурат бипазирад.  

Лентаи хабарҳо
0