Бемористони Ишкошим аз Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх доруву дармонафзор дарёфт кард

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкМеждународный комитет Красного Креста
Международный комитет Красного Креста - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бемористони ноҳияи Ишкошим дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх доруву маҳлулу маводи захмбанду захмдӯз дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Равобити умумии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аз ирсоли дору ва таҷҳизот ба бемористони ноҳияи Ишкошим барои дармони сарбозону дигар захмишудагон дар набардҳо бо Толибон дар вулусволии Зебок хабар дод.

Ин кумак аз доруву маводи захмбандиву захмдӯзӣ ва бархе пизишкафзорҳо ташкил шудааст.

"Доруҳои фиристодашуда ниёзҳои феълии бемористонро бароварда месозанд", — мегӯяд раҳбари намояндагии КБСС дар Душанбе Клаудия Аззолинӣ.

Вай афзуд, агар чунончи даргириҳо дар вилояти Бадахшон ҳамчунон идома ёбанд ва захмиҳову дармонҷӯни бештаре ба Тоҷикистон оварда шаванд, Кумита теъдоди бештари доруву таҷҳизот ба Ишкошим хоҳад фиристод.

Сарпизишки бемористони ноҳияи Ишкошим Парвиз Бораков низ эълом кард, ки ин бемористон ҳамакнун тавон дорад даҳ захмиро ёрии таъҷилии пизишкӣ бирасонад, вале агар захмиҳо бештар шаванд, ниёз ба кумаи бештар хоҳад дошт.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанд рӯз пеш ягоне аз Толибон, ки камубеш 400 ҷангҷӯро дар бар мегирифт, аз сӯи Вардуҷ, ки чаҳор сол боз дар дасташон аст, ба Зебок ҳуҷум карда ва маркази онро гирифт. Дар пайкорҳо бо ҳаросафканон панҷ тан аз нерӯҳои амниятии Афғонистон, аз ҷумла қумондон Абдулфайз, кушта ва даҳҳо сарбоз захмӣ шуда буд. Ҳафт тан аз сарбозони захмӣ ба бемористони ноҳияи Ишкошим оварда шуданд. Аз он шумор як сарбоз аз захмҳо дар ин бемористон дар гузашт ва яке дигарро барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба бемористони шаҳри Хоруғ бурданд.

Нерӯҳои давлатии Афғонистон амалиёти бозпасгирии Зебокро ду рӯз пеш оғоз кардаву аз Файзобод ва дигар вулусволиҳо ба Зебок беш аз 800 сарбозро фиристодаанд. Дирӯз нерӯҳои ҳавоии Афғонистон сангарҳои Толибонро бомборон кард ва нерӯҳои заминӣ низ беш аз 100 ҳаросафканро нобуд кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0