Коршинос: Толибон нерӯе надорад, ки дар Бадахшон биҷангад

© Фото : Facebook / Андрей СеренкоЭксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото
Эксперт по Афганистану Андрей Серенко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиноси масоъили Афғонистон Андрей Серенко бар ин бовар аст, ки амалиёти баҳории гурӯҳи "Толибон" фаротар аз марзи Афғонистону Тоҷикистон нахоҳад гузашт

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Чанде пеш ҷангҷӯёни созмони ҳаросафкании "Толибон" дар паи амалиёти баҳорӣ дар вилояти Бахашон вулусволӣ ё ноҳияи Зебокро ба даст оварданд ва ба сӯи вулусволии Ишкошим пеш рафтанд. Фармондеҳони Толибон гуфтаанд, ки ҳадафшон аз ин амалиёт густариш додани ҳукуматашон бар вилоятҳои шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон аст. Вале коршиносон бар ин боваранд, ки Толибон ба ин ҳадафаш нахоҳад расид.

Андрей Серенко, коршиноси Маркази мутолеъоти масоъили Афғонистон, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт:

"Толибон ҳар сол аз баргузории амалиёти баҳорӣ хабар медиҳад ва ҳамлаҳояшро дар ин ё он вилоят оғоз мекунад. Дар паи ин амалиёт маъмулан манотиқеро ҳам тасарруф мекунад, вале наметавонад ҳукуматашонро дар он манотиқ пойдор кунад".

Вай ҳамчунин ба ташдиди чораҳои амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар рӯзҳои ахир дар паи пешравиҳои Толибон ишора карду гуфт, ки ин гурӯҳ ба марзи Тоҷикистон ҳамла нахоҳад кард.

Андрей Серенко афзуд, ин ки Толибон вулусволии Зебокро гирифта ва ба марзи Тоҷикистон дар қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон наздик шуда, ба маънии таҳаввулоти муҳим дар даргириҳояш бо нерӯҳои давлатии Афғонистон дар вилояти Бадахшон нест.

"Пештар низ борҳо ин иттифоқ афтода буд, ки Толибон минтақаеро дар Афғонистон ишғол кунад ва сипас дар ҷанг бо артиши Афғонистон онро аз даст бидиҳад. Аз ин рӯ, амалиёти ахири Толибон дар вилояти Бадахшон низ ба маънии худнамоӣ ва қудратнамоӣ аст ва дар гузашта низ ҳеҷгоҳ ин гурӯҳ ба таври мустақим ба марзи Тоҷикстон дастандозӣ накардааст".

Вай таъкид кард, ҳарчанд артиши миллии Афғонистон бо мушкилоте чун фасоди молӣ, камбуди нерӯи размӣ ва заъфи тактика рӯбарӯст, аммо гурӯҳи Толибон ва ДОИШ дар ду соли ахир натавонистаанд дар набард бо он пирӯзии чашмгире ба даст оваранд.

Андрей Серенко нерӯҳои вижа ё кумондои артиши Афғонистонро беҳтарин нерӯи зиддитеруристӣ дар Осиёи Марказӣ донист, ки аз ҷангомӯзони амрикоиву покистонӣ разм омӯхта ва дар набардҳо бо Толибон ва ДОИШ обу тоб дидааст. Вале ҳамзамон ин камбудро доранд, ки камшумор ҳастанд ва наметавонанд якбора дар якчанд ҷабҳа бо теруристҳо пайкор кунанд. Яке аз охирин дастовардҳои нерӯҳои вижаи Афғонистон амалиётест, ки 19 апрел дар вилояти Бағлон баргузор кардаву 25 толиби ҳаросафканро ҳамроҳ бо саркардаашон нобуд карда буданд.

Ин коршинос бар ин бовар аст, ки агар чунончи Толибон аз марз бо Тоҷикистонро бигзарад, ки эҳтимолаш гарчи бисёр андак, вале ҳаст, низомиёни Русия ва марзбонони Тоҷикистон дар камтарин онро замон он вар аз Панҷ хоҳанд ронд.       

Лентаи хабарҳо
0