ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Сарони ду кишвар дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ки 5 май баргузор шуда, вазъу дурнамои равобити гуногунҷанбаи ду кишварро баррасӣ карда ва бар ҳамоҳангсозии кӯшишу талошҳо барои рушду густариши онҳо таъкид карданд.
Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ҳамчунин масоъили мубрами байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла вазъи ноороми Афғонистон, бахусус дар минтақаҳои шимоли онро низ баррасӣ карданд.
Дар ин робита ҷонибҳо дар мавзуъи ҳамкориҳои амниятӣ ва низомӣ-фаннӣ, аз ҷумла дар заминаи мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир — теруризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амнияти марзҳо табодули афкор карданд.
Тарафҳо таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умдаву асосии саъю талошҳоест, ки дар ин замина анҷом дода мешаванд. Роҳбарони ду кишвари ҳамсоя ба мувофиқа расиданд, ки дар ин самт муштаракан иқдомоти муассирро роҳандозӣ намоянд.
Раҳбари Тоҷикистон истиқрори вазъиятро дар Афғонистон омили амнияти тамоми минтақа дониста, пайгирии ҳамарӯзаи вазъи ин кишвари дӯст ва омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба расонидани кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба давлату мардуми бародари Афғонистон ҷиҳати расидан ба ормонҳои сулҳу субот бо роҳи решакан кардани теруризму ифротгароӣ ва таъмини ваҳдату оштии миллӣ таъкид кард.
Раисҷумҳури Афғонистон дар навбати худ аз ҳамтои тоҷики худ барои ёриву пуштибонии амниятиву иқтисодӣ аз Афғонистон, ва бавижа барои фароҳам овардани шароити муносиб барои дармони афсарону сарбозони Афғонистон дар бемористонҳои Тоҷикистон сидқан сипосгузорӣ кард.
Дар хотимаи суҳбат Ашраф Ғанӣ аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард дар замоне муносиб бо дидори расмӣ аз Афғонистон дидан кунад. Ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд ва ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки замони баргузории сафари расмӣ бо роҳҳои дипломатӣ мушаххас карда мешавад.