ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба поси хотири Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулло Назриев барномаи консертӣ баргузор мегардад.
Чуноне ки дафтари матбуотии вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, дар барнома пайвандону фарзандон ва шогирдону дӯстдорони ҳунари созу овози ин устодон, аз ҷумла Ҳофизи халқии Тоҷикистон Раҳматуллои Ҳошим, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исмоил Назриев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров, Ҳунарпешаи мардумӣ Озодамоҳ Муҳтарамова, Ҳунарпешаи мардумӣ Афзалшо Шоидиев ва ҳофизи ҷавон Фирдавси Ҳошим иштирок хоҳанд кард.
Барнома асосан аз суруду оҳангҳои эҷодиёти устодони зиндаёд Одина Ҳошим ва Абдулло Назриев иборат аст.