ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Бино ба гузориши Маркази заминларзашиносии CSEM имрӯз соати 10:09 дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шуд.
Қувваи ҷунбиши замин дар шаҳри Душанбе 5,9 баллро ташкил дод.
Тибқи ахбори манбаъ, ҳамин соат дар водии Фарғонаи Узбакистон низ замин такон додаст.
Гуфта мешавад, ки маркази заминларза Қарокенҷаи Тоҷикистон мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони шаҳри Душанбе ва Хуҷанд хабар доданд, ки заминларзаи навбатӣ, ки ба гуфта онҳо сахт буд, онҳоро ба таҳлука афтонидааст.
Ёдовар мешавем, ки танҳо ҳафтаи ҷорӣ бори саввум аст, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон заминҷунбӣ мешавад.
3-уми май ҳам, дар шаҳри Душанбе қувваи заминларза 5,9 баллро ташкил дода буд.