ДУШАНБЕ, 5 мая — Sputnik. Бо мақсади пос доштани хотира, арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дастгирии иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ қарор кард, ки барои расонидани кӯмакпулӣ ба онҳо ҳукумати шаҳр 719900 сомонӣ ҷудо кунад.
Ҳукумати шаҳр аз аҳволи иштирокчиёни ҷанг хабар гирифта, ба ҳар яки онҳо 800 сомонӣ кӯмакпулӣ месупорад.
Ҳамчунин, бахшида ба 72-умин солгарди Иди ғалаба дар пойтахт чорабиниҳои ободонӣ, фарҳангиву варзишӣ баргузор карда мешавад.