ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Соати 01:30 дақиқаи шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи нави 5 баллӣ рух дод. Хушбахтона ин заминҷунбӣ талафони ҷонӣ дар пай надошт.
Дар 263 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр дуртар аз ноҳияи Вахш заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд. Қуввваи заминларза дар марказ — 5 балл, дар ноҳияи Лахш — 4 балл ва шаҳри Душанбе — 2 баллро ташкил додааст.
Бино ба додаҳои маркази ларзанигории Аврупо нерӯи заминларза дар марказаш 5 баллро ташкил кардааст.
Update: M5.1 #earthquake strikes 96 km S of #Farg`ona (#Uzbekistan) 55 min ago. https://t.co/anGMSyB9Kn pic.twitter.com/ZhvYYUMJH2
— EMSC (@LastQuake) 3 мая 2017 г.
Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, соати 09:47 дар ҳудудҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон заминларзае шадид рух дод.