ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбакистон, Мирзиёев қарор оиди "Барномаи рушди ояндаи гидроэнержӣ дар зарфи панҷ сол дар Узбакистон"-ро имзо кард.
"Қарори мазкур бо мақсади истифодаи нерӯҳои истифоданашуда ва дар асоси он сохтани нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва таъмини корхонаю аҳолии кишвар бо барқ қабул шудааст",-омадааст дар иттилоъия.
Тибқи барнома дар қаламрави Узбакистон дар зарфи панҷ соли оянда 42 нерӯгоҳҳои нав сохта шуда, 32 тои дигар навсозӣ мешаванд.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати Узбакистон дар назар дорад, ки дар соли 2017 — 2021 якчанд тарҳи баҳрабардорӣ аз энержии баргаштпазир ба маблағи куллии 1,88 милёрд дулорро амалӣ кунад.