"Вазири хориҷии ояндаи ҶТ" аз қаҳрамонии занони Тоҷикистон дар ҶБВ ба русиён нақл кард

© Фото : Аз бойгонии Бахтовари ДиловарБахтовари Диловар
Бахтовари Диловар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахтовар Диловар, донишҷӯи бахши магистартураи Донишгоҳи шаҳри Брянск, дар ҳамоише аз қаҳрамонии ҷанговарзанони тоҷик дар ҷабҳаҳои ҶБВ ёдоварӣ кард

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи давлатии Брянск ҳамроҳ бо ҳамдонишгоҳиёнашон аз дигар кишварҳои пасошӯравӣ ба муносибати 72-юмин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ҳамоиш баргузор карданд.

Дар ин ҳамоиш, ки донишҷӯёне аз Арманистон, Русия ва Молдова низ ширкат карданд, ҷавонони тоҷик дар бораи корнамоии фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Меҳанӣ суханронӣ карданд.

Ҳамзамон миёни Донишгоҳи Брянск ва бархе аз донишгоҳҳои Молдова ва Тоҷикистон, аз он ҷумла Донишкадаи технологии шаҳри Кӯлоб, видеоконнфронс бар по шуд. Муовини раиси ин донишкада Алмосшо Шоев дар ин видеоконфронс дар бораи нақши Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар Олмон гузориш дод. Ҳамчунин Сорбон Хонбоев, донишҷӯи Донишгоҳи Брянск, дар мавзуъи "Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузрги Ватанӣ" суханронӣ кард.

© Фото : Аз сайти донишгоҳи давлатии БрянскБахтовари Диловар дар ҳамоиш
Бахтовари Диловар дар ҳамоиш - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Бахтовари Диловар дар ҳамоиш
© Фото : Аз сайти ДонишгоҳДонишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи давлатии техникии Брянск
Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи давлатии техникии Брянск - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи давлатии техникии Брянск
© Фото : Аз сайти ДонишгоҳДонишҷӯёни Донишгоҳи техникии Брянск
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Брянск - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Брянск
1/3
Бахтовари Диловар дар ҳамоиш
2/3
Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи давлатии техникии Брянск
3/3
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Брянск

Гузориши Бахтовар ва қаҳрамонии занони Тоҷикистон

Бахтовар Диловар, донишҷӯи бахши магистартураи ин донишгоҳ, дар ин ҳамоиш аз қаҳрамонии ҷанговарзанони тоҷик дар ҷабҳаҳои ҶБВ ёдоварӣ кард. Вай дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи далели интихоби ин мавзуъ гуфт:

"Мебинам, ки дар бораи қаҳрамонии мардони тоҷик дар ҷабҳаҳои ҶБВ бисёр мегӯянду онҳоро ситоиш мекунанд. Вале дар бораи қаҳрамонии занони тоҷик касе нагуфтааст".

Бахтовар гузориши худро бо такя ба китоби торихшинос профессор Роҳат Набиева "Занони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ" омода кардааст. Ин пажӯҳишгар мегӯяд 32 ҳазор зан аз Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карда аст.

© SputnikЗанони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Занони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - Sputnik Тоҷикистон
Занони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Қаҳрамонии шерзанони тоҷик

Бахтовари Диловар дар бораи Нина Любовская нақл мекунад, ки яке аз беҳтарин тактирандозҳо ё снайпер буд. Вай дар набардҳо дар вилояти Маскав ба танҳоӣ беш аз 90 душманро нобуд карда буд.

Яке дигар аз қаҳрамонҳо София Ниёзова буд, ки дар панҷ соли ҷанг дар Укроин ҷони ҳазорон сарбозро аз марг наҷот додааст.

Бахтовар дар гузоришаш ҳамчунин аз қаҳрамониҳои Ойгул Муҳаммадҷонова ва Инъомҷон Қурбонова ёдовар шуд, ки аз беҳтарин халабонҳои Артиши Сурх буданд. Онҳо чандин бор барои дарёфти унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ номзад шуда буданд, вале мутаассифона ҳеч кадомашон бо ин унвон қадрдонӣ нашуд.

Донишҷӯёни тоҷик Тоҷикистонро дар Маскав муаррифӣ карданд - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни тоҷик Тоҷикистонро дар Маскав муаррифӣ карданд

Занони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар ақибгоҳ фаъол буданд. Чунончи, танҳо аз шаҳри Душанбе 200 зан довталабона ба ҷанг рафта буданд. Вале дар бойгониҳои Шуравӣ дар бораи заҳматҳои занони тоҷик дар ақибгоҳ бештар санад пайдо мешавад. Он замон ҳама мардон дар ҷанг буданд ва занон дар заминҳо, корхонаҳо ва коргоҳҳо ҷойгузинашон шуда буданд.

Бахтовар яке аз донишҷӯи фаъоли тоҷик дар Русия аст. Ӯ дар бисёр барномаҳои фарҳангӣ ва илмӣ ширкат карда ва талош дорад, Тоҷикистонро ҳар чӣ бештару беҳтар дар Русия муаррифӣ кунад. Чунончи, чанде пеш Диловар ҳамроҳ бо дигар ҳамдонишгоҳиёнаш дар Ҳафтаи ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Маскав ширкат карда, гузоришеро дар бораи нақши ҷавонон дар замони муосир ироя карда буд.

"Орзу дорам дар ояндаи вазири умури хориҷаи кишвари азизамон шавам. Барои расидан ба ин орзу ман мехоҳам пас аз хатми бахши магистарутра боз ба аспирантура дохил шаваму онро хатм намуда бо дониши мукаммал ба Тоҷикистон баргардам", — гуфт ин донишҷӯи тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

Бино ба иттилоъи роҳбари Шурои куҳансарбозони ҶБВ Раҳматулло Қудратов, ҳамакнун дар Тоҷикистон 443 куҳансарбоз ва панҷ тан аз бозмондагони муҳосираи Ленинград ба сар мебаранд.

Куҳансолтарин сарбози ҶБВ дар Тоҷикистон Додарҷон Умаров аст, ки 117 сол дорад. "Ҷавонтарин" куҳансарбоз Леокадий Ковтун аст, ки 90 сол дорад.

Лентаи хабарҳо
0