Милисаҳо дар паи бозрасии мактабҳои Хатлон саҳлангорои мудири ҳунаристонро ошкор карданд

© Sputnik /  / Гузариш ба медиабонкСдача экзаменов. Архивное фото
Сдача  экзаменов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милиса ҳангоми бозрасӣ дар омӯзишгоҳи фанни ноҳияи Ҳамадонӣ ошкор карданд, ки омӯзгорону донишомӯзон қоидаи либоспӯширо риоя намекунад ва мудири муассиса ҳам аз ин қонуншиканӣ чашмпӯшӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Масъулини Хадамоти пешгирӣ аз қонуншикании кӯдакону ҷавонон дар ВКД ҶТ дар Литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон тафтишот гузарониданд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон, дар ин муассисаи таҳсилотӣ милисаҳо чандин мавриди нақзи муқаррароти таҳсилиро ошкор кардаанд. Аз ҷумла маълум шуда, ки донишомӯзони ин ҳунаристон дарсгурезӣ мекунанд ва агар дар дарсҳо ширкат кунанд ҳам, бо худ дарсафзор надоранд.

Ҳамчунин ҳангоми боздид аз синфхонаҳо маълум гардидааст, ки на омӯзгорон ва на донишомӯзон қоидаи либоспӯширо риоя намекунад.

"Дар ин муассисаи таълимии касбомӯзӣ, директори литсей Ҳотам Мирзоев бо вуҷуди ҷой доштани чунин камбудиҳо, ҳамаи инро нодида гирифта, барои бартараф намудани онҳо иқдоми зарурие аз худ нишон надодааст", — қайд мешавад дар хабари матбуот.

Ёдовар мешавем, ки чунин бозрасиҳо дар чорчӯби барномаи муштараки Вазорати умури дохила, Вазорати маорифу илм ва Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз қонуншиканиву табаҳкорӣ ва пайвастани ҷавонон ба ҳизбу ҷунбишҳои мамнуъ пештар низ баргузор шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0