ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Мусофирони ду парвози ҷудогонаи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо як ҳавопаймо аввал ба Хуҷанд ва сипас ба Душанбе парвоз карданд.
Дар ин бора модели тоҷик Зарнигор Ҳусайнова ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Тоҷик Эйр" аз ҳадд гузаронд. Мусофирон дар фурудгоҳи Домодедово дар эътироз ба саҳлангории ширкат ошӯб бардоштанд. Парвози моро дар фурудгоҳ барои 5-6 соат ба таърих андохта буданд. Ҳамин кам набуд ки боз дар фурудгоҳ огоҳ шудем, ки мусофирони Хуҷанд низ бо мо парвоз хоҳанд кард", — навиштааст вай дар сафҳаи фейсбукии худ.
Ба қавли Зарнигор, намояндагони ширкати ҳавоӣ на далели бо як ҳавопаймо сафар кардани мусофирони ду парвози ҷудогонаро ҳатто тавзеҳ доданд ва на гуфтанд, ки чаро бояд мусофироне, ки барои парвози мустақим билет харидаанд, бояд аз роҳи Хуҷанд парвоз кунанд.
"Бо як тир ду нахчир задан: аввал ба Хуҷанд ва сипас ба Душанбе парвоз кардан. Таъаҷҷуб ҳам намекардам, агар аз Хуҷанд ҳам то Душанбе мусофир мегирифтанд", — навиштааст вай.
Ба қавли Зарнигор ҳавопаймо бояд шоми 2 май соати 23:30 аз Маскав парвоз мекард. Вале парвоз ба таъхир гузошта шуду 3 май соати 3:30 онҳо аз Маскав парвоз карданд.
"Парвозро то чанд соат ба таъхир андохтанд, афзун бар ин бо мо мусофирони Хуҷандро нишонданд. Гуфтанд, ки аввал ба Хуҷанд ва сипас ба Душанбе парвоз хоҳем кард", — гуфт Зарнигор дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфти ӯ ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд бо мушкилӣ нишаст. Вале бо ин ҳам камбахтияшон ба поён нарасид. Парвоз аз Хуҷанд то Душанбе низ ба таъхир андохта шуд. Эълон карданд, ки бо сабаби фаннӣ парвоз ба таъхир гузошта мешавад. Баъди эълон ҳамаи мусофирон ба фурудгоҳ баромаданд. Зарнигор навореро нашр кардааст, ки дар он ба хубӣ маълум аст, чӣ тавр мусофирон ҳавопайморо тарк карда ба автобус савор шуда то фурудгоҳ мераванд.
"Ана бинед, мо дар толори интизор нишастаем. Инҷо кӯдаконе бо таби баланд нишастаанд, гарчи бояд дар хонаҳояшон бошанд. Модарон эътироз доранд. Гузашта аз инҳо моро хӯрок ҳам намедиҳанд", — шикоят карда Зарнигор.
Sputnik Тоҷикистон тавзеҳи расмии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро дар ин бора дар даст надорад.