Кинхоҳӣ аз теруристҳо: пайкори занони курд бо ДОИШ

© Sputnik Артиши занонаи Курдистон. Акс аз бойгонӣ
Артиши занонаи Курдистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кинхоҳӣ аз теруристҳо ва меҳандӯстӣ занони Курдистони Сурияро водор кардааст силоҳ ба даст бигиранд ва аз зодбуми худ дифоъ кунанд

ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik, Рубен Гарсия. Нерӯҳои мусаллаҳи Сурия 1 май шаҳри Табқа ё ас-Савраро, ки наздики нерӯгоҳи барқии Фурот ҷойгир аст, аз созмони теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ ки фаъолияташ дар русия ва Тоҷикистон мамнуъст) озод карданд.

нерӯҳои мардумии курд теруристҳоро таъқиб карда шаҳрҳо маҳалла ба маҳалла аз ҷангҷӯёни ҳаросафкан озод мекунанд. Ҳамзамон паноҳҷӯён аз дигар сарзаминҳои озодшуда гурӯҳ-гурӯҳ ба Курдистони Сурия, ки Ружово (Ғарб) ҳам номида мешавад, меоянд.

Маҳкама, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо ДОИШ 14 сол зиндонӣ шуд

Яке аз вижагиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Курдистони Сурия (ҳамчунин курдҳои Ироқ ва Туркия) ин аст, ки бахше нисбатан бузург ва ҷанговари онҳоро Ягонҳои посдори занона — Yekîneyên Parastina Jin (YUJ) ташкил медиҳанд.

Артиши ғайри маъмулӣ

Ҷавондухтарони силоҳбадаст, ки аз нигоҳи урфи Ховари Миёна бисёр ҳанҷоршикан ба назар мерасанд, дар муддати кӯтоҳе алоқаи ҳаводорони истиқлоли Курдистон дар саросари ҷаҳон ва ҳамзамон нафрати душманони худ — теруристҳои "Давлати исломӣ"-ро ба худ ҷалб карданд.

Занон дар Курдистон чӣ дар умури сиёсӣ ва чӣ дар умури амниятӣ баробар бо мардҳо ширкат доранд. Бо ширкати худ дар ҷанг, онҳо на танҳо аз ҷони худ дифоъ мекунанд, балки барои эҳқоқи ҳуқуқи занони кулли минтақа мубориза мебаранд. Бисёре аз хоҳарони мо ба дасти ДОИШ кушта шудаанд. Аз ин рӯ мо бояд гурӯҳҳое чун ДОИШ-ро несту нобуд кунем", — мегӯяд намояндаи маҷлиси Курдистони Ироқ Талор Муҳаммад.

Ягонҳои посдори занонаро бисёре на танҳо чун намунае аз ҳамдӯшии занон бо мардон дар ҷанг, балки баробарии воқеъии шаҳрвандӣ муаррифӣ мекунанд, ки бо идеоли феминизми тохтоваронаи кунунӣ ҳеҷ монандие надорад.

Гулмурол Ҳалимов дар кадр, ҳангоми эълон намудани ҳамроҳ шуданаш ба ДИ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Гулмурод Ҳалимов сарвари низомии “Давлати исломӣ” интихоб гардид

Вале мизони воқеъии ширкати занон дар умури сиёсӣ дар ҳар кишваре бо дигаре тафовут дорад.

"Занони Курдистон ба андозае муайян истиқлоли сиёсӣ ба даст овардаанд. Онҳо дар умури қонунгузорӣ ширкат мекунанд. Вале ҳануз ҳам теъдоди қонунҳое, ки аз ҳуқуқи онҳо дифоъ ва пуштибонӣ кунад, кам аст. Дар қиёс бо Эрон ва Курдистони Ироқ занон ин ҷо бештар ҳуқуқ доранд, вале ин мизон ҳануз қонеъкунанда нест", — таъкид мекунад Талар Муҳаммад.

Дар воқеъ дар Ироқ гурӯҳҳои муҳофизакортаре аз курдҳо қудратро ба даст гирифтаанд, ки бештар бар пайвандҳои хешутаборӣ такя доранд ва ба шарикони иҷбории худ — амрикоиҳо вобаста ҳастанд. Дар он бахш аз Курдистон занон дар қудрат чандон ҷойгоҳе надоранд. Ҳамчунин равобиташ бо Курдистони Сурия, ки худгардонияш бештар аст, ҳар аз гоҳе тираву сард мешаванд.

Дар ин росто Ружово аз дидгоҳи густариши ниҳодҳои демократӣ пешрафтатарин сарзамин дар минтақа аст.

© Sputnik Девушки из ополчения Курдистана на позиции
 Девушки из ополчения Курдистана на позиции - Sputnik Тоҷикистон
Девушки из ополчения Курдистана на позиции

Курдҳои Сурия шуроҳои мардумӣ ва ҷамоъатҳо, нерӯҳои мудофеъ такшил кардаанд ва мубодилаи колоро миёни ширкатҳои таъовунии ин ҷамоъатҳо роҳ андохтаанд ки шолудаи иқтисоди минтақаро ташкил додааст.

Инҷо ҳамчунин занонро бештар ҳуқуқ додаанд ва ин падида далоиле комилан айнӣ дорад.

Абдуллоҳ Уҷолон, раҳбари Ҳизби коргарони Курдистон, ки бо Сурия пайванде жарф дошт, солҳо пеш аз он ки дар соли 1999, ки зиндонӣ шавад, ба ин натиҷа расида буд, ки барои бозсозиву қавимандсозии нерӯҳояш, ки дар ҷанг бо низомиёни Туркия бисёр талафот медоданд, бад намешавад занонро ҳам ба ҳизб ҷалб кард.

Раҳбарони нерӯҳои басиҷии курдҳои Сурия низ эҳтимолан ба ҳамин натиҷа расида буданд, чун дар паи пешрафти ҷунду ҷайши "хилофат" дар сарзамини курдҳо, теъдоди сарбозону фармондеҳони мард дар нерӯҳояшон рӯ ба коҳиш ниҳода буд.

Инҷо буд ки Ягонҳои посдори занона падид омаданд ва яке аз ҷанговартарин ягонҳои нерӯҳои мусаллаҳи Курдистон ё Пешмарга шуданд. Ногуфта намонад, ки занон дар ин ягонҳо на танҳо сарбоз балки фармондеҳ низ ҳастанд. Чунончи, яке аз фармондеҳони нерӯҳои амниятии Курдистони Сурия ё "Осоиш" (Asayîş Rojava Kurdistanê) хонум Айтан Фарҳод аст. Ягонҳои посдори занона куллан аз бонувон ташкил шудаанд ва мардон дар онҳо ҳузур надоранд.

Кинситонӣ аз теруристҳо

Нерӯҳои посдори Курдистон чигуна нерӯе ҳастанд?

Ин нерӯҳо аз ягонҳои заминӣ ташкил шудаанд ва ҷангафзорҳои сангин надоранд. Хурдтарин ягонашон аз 3 то 6 сарбоз дорад, ки метавонанд чандин хешкории низомиро, аз ҷумла гашт задан дар маҳалл ва гирдоварии иттилоъотро анҷом диҳанд.

Ягонҳои бузургтар, ки балук, яъне даста, хонда мешаванд, камубеш 30 сарбозро дар бар мегиранд. Бузургтар аз он табур аст, ки баробар бо гурдон ё баталион аст. 

Довталабоне аз кишварҳои Ғарб, ки бештар намояндаҳои созмону ҷунбишҳои чап ҳастанд, ба нерӯҳои мусаллаҳи курдҳо пайвастаанд.Ин нерӯҳо расман тобеъи Фармондеҳии кулл ва Шурои низомӣ ҳастанд, ки дар нимсол як бор ҷаласа ташкил дода ва барномаҳои ҷангиро таҳия мекунад.

Нерӯҳои курдӣ аз басеҷидани мардум падид омада ва довталабонаву чарикӣ ҳастанд. Фармондеҳони ягонҳоро сарбозон худ интихоб мекунанд. Духтарони 17-солаву калонсолтар метавонанд давраи ҷангомӯзии дуҳафтаиро бигзаронанду ба Нерӯҳои посдори занона бипайванданд. Вале то 20-сола нашавад, наметавонанд дар хатти пеши ҷабҳа биҷанганд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Курдистон бисёр далерона меҷанганд, Ягонҳои посдори занона — дучандон бештар. Сарбозони YUJ бо ёдоварӣ аз сарнавишти талхи ҳазорон зану духтари курди эзидӣ, ки агар кушта нашуданд, дар бозорҳои бардафурӯшии ДОИШ фурӯхта шуданд, ҳамвора мегӯянд ки кини хоҳаронашонро аз теруристҳо ба сахтӣ хоҳанд ситонд. Бояд гуфт, ки онҳо ба ин ваъдаашон вафо мекунанд ва далелаш ҳам садҳову ҳазорон акс дар интернет аст ки шерзанони курд аз душманонашон мунташир кардаанд. Мушкил нест эҳтимол дод, ки барои теруристҳои ДОИШ кушта шудан ба дасти зан нанговартарин сарнавишт аст.

Курдҳо сарсахтона муқовимат мекунанд, зеро ҷое барои ақибнишинӣ надоранд — дар Ироқ онҳоро хуш нахоҳанд пазируфт ва ҳукумати Туркия низ ҳар курдеро теруристи биллқувва мешуморад.

© Sputnik Девушка из "Отрядов женской самообороны" Курдистана с гранатометом
Девушка из Отрядов женской самообороны Курдистана с гранатометом - Sputnik Тоҷикистон
Девушка из "Отрядов женской самообороны" Курдистана с гранатометом

Курдҳои Сурия низ ошкоро Туркияро муттаҳам ба пуштибонӣ аз ДОИШ мекунанд.

"Курдистони Сурия метавонад намунаи барҷастаи муқовимату мубориза бо теруризм ва нақзи ҳуқуқи занон бошад. Вале Ӯрдуғон мехоҳад дар сарзамини мо диктотури султонии туркро бар по кунад", — гуфта буд намояндаи Ҳизби демукротики халқҳо дар Маҷлиси Туркия Оиша Башорон дар нишасти расонаие, ки хабаргузории байналмилалии "Русия имрӯз" дар масоили мубориза бо теруризм баргузор карда буд.

Ин нигаронӣ воқеъан далелу асос дорад. Аз авохири моҳи апрел то кунун артиши Туркия сангарҳои Ҳизби коргарони Курдистонро мушакборон мекунад ва беш аз 80 тан аз курдҳоро куштааст. Раҳбари Туркия гуфта, ки мушакборонро идома хоҳанд дод.

Лентаи хабарҳо
0