Заминларзае шадид ҷануби Осиёи Марказиро ларзонд

CC BY 2.0 / Ray Bouknight / SeismographСейсмограф,акс аз бойгонӣ
Сейсмограф,акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз, соати 09:47 дар ҳудудҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон заминларзае шадид рух дод
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Маркази ларзанигории CSEM хабар медиҳад, ки субҳи имрӯз дар Тоҷикистон заминларзае шадид рух дод.

Бино ба додаҳои ларзанигорӣ, нерӯи заминларза дар Душанбе 5.9 дараҷа будааст.

Гуфта мешавад, ки соати 09:47 субҳ дар Тошканд ва Фарғонаи  Узбакистон низ замин ларзидааст.

Конуни заминларза  259 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷой дошта аст.

Дар бораи ларзиши замин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ менависанд. Тибқи иттилои сокинони шаҳри Душанбе  дар шаҳр заминларзаи шадид ҳис карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0