Шиканандаи гӯрсангҳо дар ҷануби Тоҷикистон дастгир шуд

© SputnikҚабр, акс аз бойгонӣ
Қабр, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавоне 22-сола аз ноҳияи Бохтар шаб вориди гӯристон шуда ва санги гӯрҳоро шикаставу хароб кардааст

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ҷануби кишвар як ҷавони 22-сола ба иттиҳоми таҳқири ҷасаду гӯрҳо дастгир шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванд шаби 21-уми апрели соли 2017, ба гӯристони деҳаи Хурсандии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар ноҳияи Бохтар ворид шуда, 27-то санги гӯрро хароб кардааст. Вай дар он шаб 14-то гӯрсанги мармарӣ ва тунукаиро шикаста ва 13-торо хароб карда аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии ин базаҳкорӣ парванда оғоз кардаву бозҷустро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0