Гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”: Аслов оромии Афғонистонро масъалаи рӯз гуфт

© Фото : Аз равобити умуми ВУХ ҶТ Муколамаи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон"
Муколамаи Осиёи Марказӣ+Ҷопон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Шашумин нишасти вазирони умури хориҷа дар чорчӯби гуфтугӯи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон", ки дар шаҳри Ишқобод баргузор шуд, суханронӣ карда, аз мусоидат ба рушди субот дар Афғонистон пуштибонӣ кард

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон натиҷаҳои раёсати Туркманистонро дар ин чорчӯби гуфтугӯи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" баррасӣ намуда, самтҳои нави ҳамкориҳои минтақаиро мушаххас карданд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати умури хориҷаи ҶТ, Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ дар ин нишаст бар аҳамияти тавсеъаи ҳамкориҳои созандаи дуҷониба ва минтақаӣ ва зарурати истифодаи густурда аз иқтидори кишварҳои Гуфтугӯкунанда ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, энержӣ, кишоварзӣ, фарҳангиву башарӣ, таробарӣ ва дигар соҳаҳоро унсурҳои калидӣ хонд.

"Аслов дохил кардани масъалаҳои мубориза бо теруризм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва мусоидат ба рушди оромии Афғонистонпро ба рӯзномаи Гуфтугӯ пешниҳод кард", — омадааст дар хабаре, ВУХ ҶТ мунташир кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Шри-Ланка - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон бо сарвазири Шри- Ланка бори дигар аз вазъи сиёсии Афғонистон ёдовар шуд

Дар паи нишасти вазирони корҳои хориҷа дар чорчӯби Гуфтугӯи "Осиёи Марказӣ+Япония" Баёнияи муштарак ба имзо расид ва Нақшаи роҳ барои ҳамкории минтақаӣ дар заминаҳои таробарӣ ва лоҷистик тасвиб карда шуд.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки дар солҳои 2017-2018 Тоҷикистон раёсати ин Гуфтугӯро ба уҳда дошта бошад. Ҳафтумин нишасти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон низ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Мулоқоти Аслов  бо вазири Ҷопон ва Туркманистон

Бино ба иттилои манбаъ, дар дидори Аслов ва Фумио Кисида густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ шуд.

"Сироҷиддин Аслов ва Фумио Кисида алоқамандии мутақобилро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, саноатӣ, энергетикӣ ва фарҳангию башарӣ баён намуданд".

© Фото : Аз равобити умуми ВУХ ҶТСироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон
Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон
© Фото : Аз равобити умуми ВКХ ҶТМулоқоти Аслов бо вазири умури хориҷаи Туркманистон
Мулоқоти Аслов бо вазири умури хориҷаи Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Мулоқоти Аслов бо вазири умури хориҷаи Туркманистон
1/2
Сироҷиддин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷопон
2/2
Мулоқоти Аслов бо вазири умури хориҷаи Туркманистон



Дар суҳбат  бо Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башариро ба баррасӣ гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0