ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар шаҳри Екатеринбурги Русия аз 25 то 30 апрел Ҷашнвораи XVI "Земля-наш дом" баргузор гардид. Тоҷикистонро дари ин ҷашнвора гурӯҳи навозандагони созҳои кӯбаиву бодии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе "Шукуфаҳои пойтахт" муаррифӣ кард.
Дар ин бора мудири ин Марказ Комил Холов дар сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст.
"Гурӯҳи навозандагони созҳои кӯбаиву бодии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе "Шукуфаҳои пойтахт" дар бахши озмунии ҷашнвораи "Земля-наш дом" сазовори ҷои дувум гардид", — гуфтааст вай.



Ӯ афзуда, ки ин ҷашнвораи мусиқии наврасон дусолона аст ва имсол дар он 40 гурӯҳи ҳунарӣ аз кишварҳое чун Австрия, Белгия, Сербия, Руминия, Чин, Ҳиндустон, Русия, Тоҷикистон ва ғайра ширкат карданд.
Мақоми аввалро имсол мусиқинавозони навраси Русия аз худ карданд.