ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати корҳои дохилии ҶТ, ин дуздӣ авоили моҳи январи соли 2017 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди коргоҳи дӯзандагии ин сокини шаҳри Сарбанд шуда, аз он ҷо як бастаи матои занона ва пойафзори мардонаро, ки арзишашон 6 ҳазору 640 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.
Кормандони милиса дар паи бозҷӯӣ як марди 37-солаи сокини ноҳияи Бохтарро ба иттиҳоми дуздӣ дастгир кардаанд. Колоҳои дуздидашуда аз ӯ боз пас гирифта шуда ва барои бозҷӯии ин дуздӣ парванда оғоз карда шудааст.