ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Қарор аст дар ин дидор раҳбарони Русия ва Олмон муҳимтарин масоъили сиёсати ҷаҳонро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард.
Сафари Ангела Меркел ба Русия дар чорчӯби барномаҳои омодасозии нишасти сарони кишварҳои "Бистгонаи бузург" сурат мегирад, ки қарор аст моҳи июл дар Ҳамбург баргузор шавад.
Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Русия, сарони ду кишвар вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Русия ва Олмон дар заминаҳои энержӣ, иқтисодиву бозаргонӣ ва фарҳангиву башариро баррасӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин масоъили калидии байнулмилалӣ, аз он ҷумла мубориза бо теруризм, вазъ дар Сурия ва Либӣ ва иҷрои тавофуқоти Минск барои ҳалли буҳрони Укроин дар ин дидор матраҳ ва баррасӣ хоҳанд шуд.