ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар Ню-Йорк чун ҳамасола паради 14-умин баргузор шуд.
Дар гузашт намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ширкат карданд. Духтарон ва писарон дар тан пироҳанҳои миллӣ бо рақсу суруд аз кӯчаҳои ин шаҳр гузаштанд.
Чорабинӣ аз ҷиҳати миқёс ҳамто надошт. Аз ду тараф роҳҳо банд карда шуда, намоядагони миллатҳои гуногун таҳти навои марғуб рақсҳои миллии худро иҷро мекарданд.
Садои баланди мусиқӣ дар кӯчаҳои Манхетэн сокинони маҳаҳллиро ба парад ҷалб кард. Барои худи иштирокчиён бошад парад ба як ҷашни бузург таабдил ёфт.
Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангӣ 40 нафар муаррифӣ карданд. Тоҷикони Ню-Йорк вазифаҳоро тақсим карда, духтарон дар бахши рақс ва писарон дар бахши сурудонӣ буданд.
Дар байни тоҷикони фаъоли Ню-Йорк Шаҳноз Эроншо, ки ҳамакнун миёни аксарият шӯҳрат пайдо кардааст буд. Ӯ соли гузашта, дар бахши либосҳои миллӣ дар озмуни ҷаҳонии "Мисс ООн" ғолиб дониста шуд. "Мо як моҳ пеш ба ин парад омодагӣ дидем. Либосҳо ва мусиқиро қаблан интихоб кардем. Ин ҷашн яке аз идҳоест, ки мо метавонем дар Ню-Йрк фарҳанги худро намоиш диҳем",-гуфт Шаҳноз Эроншо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, ки соли чорум мешавад, ки ӯ дар паради форсизабонон ширкат мекунад. Диққати тамошобинонро махсусан кӯдакон бо либосҳои миллӣ ба худ ҷалб мекард.Ҳамаи амрикоӣ бо аксбардорҳояшон ҷамъ шуда, бо ҳайрат ҳамаро аксбардорӣ мекарданд.