Абдураҳмон Қодирӣ ба китобхонаҳои вилояти Суғд 600 адад китоб тақдим кард

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкКитобхона. Акс аз бойгонӣ
Китобхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 600 адад китобҳои арзишманд, ки аз ҷониби муҳаққиқони Муассисаи давлатии "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ" омода гардидааст, ба китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят ройгон тақсим кард

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Равобити умуми мақомоти иҷроияи вилоти Суғд бо такя ба корманди Муассисаи давлатии "Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ" Баҳроми Раҳматзод иттилоъ медиҳад, ки ба китобхонаҳои шаҳрию ноҳиявии вилояти Суғд 600 китоб тақдим гардиданд.

Ба иттилои манбаъ аксари ин китобҳо, ба мисли "Мунтахаби ғазалиёт"-и Шўхии Хуҷандӣ, "Иксири саодат" (гулбайтҳои Хоҷа Камол), "Армуғони аҳли дил" (тарҷумаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ба ҳафт забон), "Тўҳфату-л-мулук»-и Абўҳафси Маҳмуд бори аввал ба хонандагон пешкаш мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо Ожонси Иёлоти Муттаҳида барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID) омӯзишгоҳи дӯзандагӣ бунёд кард.

Лентаи хабарҳо
0