Духтари тоҷик "беҳтарин силоҳшинос" дониста шуд

© Фото : Аз равобити умуми ВКД ҶТҒолибони озмуни "Дар ҷустуҷӯи истеъдод" дар ВКД
Ғолибони озмуни Дар ҷустуҷӯи истеъдод дар ВКД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати "Соли ҷавонон" озмуни "Дар ҷустуҷӯи истеъдод" баргузор гардид, ки дар он Маҳкамова "беҳтарин силоҳшинос" дониста шуд

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Бино ба иттилоъи равбити умуми вазорати корҳои дохилии ҶТ дар озмун донишомӯзони бахшҳои гуногуни Академия ширкат карданд. Озмун 28 апрел ҷамъбаст шуд.

Озмун аз се бахш: "Беҳтарин суханвар", "Беҳтарин рассом", "Беҳтарин силоҳшинос" иборат буд. Дар он курсантон санъати суханварӣ (шарҳ додани видеоролики беовоз аз наворҳои ҷойи ҳодиса), маҳорати фаврии тартибдиҳии фоторобот (тартиб додани фоторобот аз рӯйи тавсифи тахминии гумонбаршаванда) ва малакаи ба қисмҳо ҷудо ва васл намудани силоҳи оташфишон — автомати тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров»-ро манзури тамошобинон намуданд.

Гулдухтари тоҷик Маҳкамова Ф-курсанти бахши аввал дар риштаи "Беҳтарин силоҳшинос" сазовори ҷойи аввал гардиданд.

© Фото : Аз равобити умуми ВКД ҶТМаҳкамова-"Беҳтарин силоҳшинос"
Маҳкамова-Беҳтарин силоҳшинос - Sputnik Тоҷикистон
Маҳкамова-"Беҳтарин силоҳшинос"

Дар бахши "Беҳтарин суханвар" курсанти соли 2-юм Ҳабибов Ҳ. ва  дар номинатсияи "Беҳтарин рассом" курсанти бахши 3-юм Ёғибеков Ф. пирӯзӣ ба даст оварданд.   

Мақсади асосии озмун муҳайё намудани фазои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ, ташаккул, рушд ва мустаҳкам намудани истеъдоди курсантон, ба вуҷуд овардани ҳисси мардонагӣ, ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ, ҳамчунин, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терруристӣ гуфта мешавад.

Дар хотима аз ҷониби роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0