Довталабон рӯдборҳои Хоруғро аз партовҳо пок карданд

© Фото : Қурбон АламшоевПоксозии рӯдборҳо дар Хоруғ. 30.04.2017
Поксозии рӯдборҳо дар Хоруғ. 30.04.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишомӯзони мактабҳо ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар иқдоме довталабона канораҳои рӯдҳои Ғунд, Шохдара ва Панҷро аз партовҳо пок карданд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Ин иқдом, ки "Соҳили тоза" унвон шуда, бо ибтикори шахсии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мулкамон Назаралиев баргузор шуд.

Чуноне ки хабарнигор ва номзадии улуми торих устод Қурбон Аламшоев гузориш додааст, ҳадафи аслӣ аз ин иқдом пок кардани соҳилҳои рӯдҳои Ғунд, Шоҳдара ва Панҷ аз ахлоту партов буд. Дар натиҷа камубеш даҳ килуметр аз рӯдборҳо рӯбучин шуда, ҳудуди панҷ тон ошғол ҷамъоварӣ шудааст. 

Вай бо интишори аксҳое аз ин иқдом дар гурӯҳи фейсбукии "PAMIR MOUNTAINS TJ", бо таассуф гуфтааст, канораҳои ин рӯдҳо "имрӯза тақрибан ба партовгоҳҳо табдил ёфтаанд ва тавасссути иқдоми якрӯза наметавон ин соҳилҳоро комилан поккорӣ намуд". 

Мулкамон Назаралиев гуфта, ки иқлдоми "Соҳили тоза" боз такрор хоҳад шуд. Вале вай аз сокинони шаҳр даъват кард то дар поку бонизофат нигоҳ доштани рӯдборҳо худ саҳмгузор бошанд ва дигаронро низ нагузоранд рӯдборҳоро олуда кунанд.

Лентаи хабарҳо
0