ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Нерӯҳои Вазорати умури изтирории Қирғизистон ба раҳбарии вазир Қубодбек Боронов ҷустуҷӯи осебдидаҳоро идома медиҳанд. Ҳамчунин сад сарбоз аз Нерӯҳои заминӣ ва низомиёни Горди миллии Қирғизистон низ ба онҳо пайвастаанд, вале борону барф раванди ҷустуҷӯро кунд кардааст.
Ин заминлағжа, ки як милюн метри мукааб ҳаҷм дорад, 11 хонаро нобуд ва 24 касро зиндадаргӯр кард. Эҳтимол дорад, ки омори кушташудагон бештар аз ин ҳам шавад. Наҷотдиҳандагон 40 хонаводаеро, ки дар кӯҳдоман хона доранд, ба ҷои амн кӯчондаанд.
Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз, 30 апрелро дар сӯги кушташудагон мотами саросарӣ эълон кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Алмосбек Отамбоев ҳамдардии давлат ва миллати Тоҷикистонро бо мардуми ҳамсоя эълом кард.