ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёме ба Алмосбек Отамбоев куштани шудани шаҳрвандони Қирғизистон дар паи заминлағзишро таслият гуфт.
Дар ин паём, ки дар вебгоҳи расмии Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Алмосбек Шаршенович,
Дар Тоҷикистон хабари лағзиши замин дар вилояти Ӯши Қирғизистони дӯстро, ки боиси талафоти одамон гашт, бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтанд.
Хоҳишмандам таслиёти амиқи моро ба наздикону пайвандони афроди ҳалокшуда дар натиҷаи ин фоҷиа расонед. Ба тамоми нафарони осебдида шифои комил таманно дорем».
Дирӯз субҳ дар рустои Аюу дар Қирғизистон дар паи боришҳои бисёр ва заминлағжа 11 хонавор нобуд ва 24 кас, аз ҷумла 9 кӯдак, кушта шуд.
Имрӯз дар Қирғизистон мотами умумӣ эълом шудааст.