ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар ин бора варзишгари номдор — Расул Боқиев дар сафҳаи фейсбукии худ хабар дода ва афзудааст, ки пас аз пирӯзӣ дар се қаҳрамонии дигар тарки фаъолияти мураббигӣ хоҳад кард.
"Соли 2016 — пирӯзӣ дар қаҳрамонии Русия, соли 2017 — қаҳрамонии Маскав. Пас аз ба даст овардани се пирӯзии дигар, Худо хоҳад, метавон фаъолияти мураббигиро тарк кард", — навиштааст паҳлавони тоҷик дар сафҳаи худ.
Ҷудокори тоҷик Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст. Ҳамчунин, паҳлавони маъруф дар соли 2007 дар Рио-де-Женейро соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо гардида, барандаи Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 аст. Вай соли 2009 қаҳрамони ҷудои Русия шуд.
Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.