Кормандони КҲФ ронанда ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд

© ГУ МВД России по Красноярскому краю. / Гузариш ба медиабонкСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони КҲФ ронандаи 30-сола ва мусофири "Volvo"-ро аз марг наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ҳодиса рӯзи 28 апрел дар шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилоъи равобити умуми Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ронандаи мошини "Volvo" бар асари бориши зиёди борон ва нақзи қоидаҳои бехатарӣ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.

"Сабаби асосии садама риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати баланд буд, ки дар натиҷа ронандаи 30-солаи он натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд",-омадааст дар иттилоъия.

Дар натиҷаи суръати баланд, худрав ба доманаи кӯҳ бархӯрда, автомобил қариб ки пурра осеб дид. 

Наҷотдиҳандагони КҲФ ронанда ва мусофирро аз марг наҷот дода ба дасти намояндагони ёрии таъҷилӣ супориданд.

Дар ин росто кумита аз дигар ронандагон даъвт мекунад, то қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.

Лентаи хабарҳо
0