ВКД Русия: муҳоҷирзодагон ҳеч тафовуте бо кӯдакони рус надоранд

© Sputnik Полковники милития Новосилтсева Елена. Акс аз бойгонӣ
Полковники милития Новосилтсева Елена. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарҳанги пулис Елена Новосилтсева мегӯяд, ҳангоми пурсуҷӯ ҳам бо муҳоҷирзодагон ва ҳам бо наврасони рус мушкилоти яксон пеш меоянд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Ба гуфти намояндаи ВКД Русия фарзандони муҳоҷирон бо наврасони рус ҳеч тафовуте надоранд. Агар тафовуте ҳаст, танҳо дар гуфтор ва санадҳояшон дида мешавад.

"Наврасон чандон бо ҳамдигар тафовуте надоранд. Кӯдакон ҳамаҷо яксонанд. Чӣ наврасони рус ва чӣ кӯдакони узбак ба як далел ба ВКД оварда мешавад — агар волидайнашон ба тарбияву таълимашон таваҷҷуҳ накунанд", — гуфт сарҳанги ВКД Русия дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Агар масалан ба шуъбаи корҳои дохила кӯдаке оварда шавад, ки забони русиро хуб надонад, бароямон мушкил пеш меояд. Вале ин мушкил аз худи ВКД аст, зеро ин ниҳод кормандоне, ки дигар забонҳо, аз ҷумла узбакӣ ё тоҷикиро бидонанд, ё ҳеч надорад, ё кам дорад.

Танҳо дар сурати пайдо накардани падару модари наврасе, ки ба шуъбаи мо оварда шудааст, мо ба ниҳодҳои расмии зодбуми кӯдак муроҷиат мекунем.

Лентаи хабарҳо
0