Семён Багдасаров: Бояд исмоилиёни тоҷикро ба ҷанги Сурия фиристод

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкСемен Багдасаров., архивное фото
Семен Багдасаров., архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Семён Багдарсаров бар ин бовар аст, ки Русия бояд Тоҷикистонро муътақид кунад ки исмоилиёни Кӯҳистони Бадахшонро ба ҷанги Сурия бифиристад

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Бояд ҳанг ё баталионе аз исмоилиён ташкил карду ба ҷанги Сурия фиристод, бовар дорад Семён Багдасаров, коршиноси масоили Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, мудири Маркази мутолеоти кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ.

Вай ин пешниҳодро дар барномаи "Шом бо Владимир Соловёв" матраҳ кард, ки дар он коршиносон буҳрони Сурияро баррасиву таҳлил мекарданд.

Вай дар ин барнома гуфт: "Кишваре чун Тоҷикистон дорем, ки узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ аст. Шаҳре ҳаст Саламия ном дар Сурия, ки дар он ҷамоате бузург аз исмоилиён зиндагӣ дорад. Дар Тоҷикистон, ки 44,5 дарсад аз сарзаминашро Кӯҳистони Бадахшон ташкил медиҳад, камубеш 200 то 250 ҳазор исмоилиён зиндагӣ доранд, ки Саламия барояшон шаҳре муҳим аст. Чаро мо набояд раҳбарони Тоҷикистонро муътақид накунем, ки 2 — 3 ҳанг аз довталабонро ҳамроҳ бо ҷангомӯзону ҷангафзорҳои русӣ ба Сурия бифристанд?"

Sputnik Тоҷикистон аз ин коршинос пурсид, ки оё ин пешниҳод то куҷо воқеъӣ ва шуданист?

"Исмоилиён розӣ хоҳанд шуд. Онҳо метавонанд ҳанг ташкил бидиҳанд, агар мо кумакашон кунем. Вале на исмоилиён ва на раҳбарии кишвар даст ба чунин коре нахоҳанд зад. Чаро? Чун раҳбарии Русия ҳам аз онҳо чунин дархосте накардааст. Ин кор шуданӣ буд, агар раҳбарони Русия исрор мекарданд, вале аз Маскав чунин пешниҳоде ба Тоҷикистон нашудааст", — тавзеҳ дод Багдасаров.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҳамин коршинос чанде пеш хабар дода буд, ки имоми исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оқохони IV 19 — 20 апрел аз Маскав боздид хоҳад кард. Вале Багдасаров аз додани ҳаргуна тавзеҳ дар бораи ин сафар худдорӣ карда буд.

Вохӯрии шоҳзода Оқохони чаҳорум бо Сергей Ловров - Sputnik Тоҷикистон
Шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров дидор кард

Ин пешниҳоди Семён Багдасаров бо вокуниши тунди бархе аз корбарони тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоъӣ рӯ ба рӯ шуд. Бисёре аз онҳо ин пешниҳодро ғайри қобили қабул хонданд ва Багдасаровро муттаҳам ба сиёсатбозӣ карданд.

Аз ҷумла, коршиноси мустақил Алӣ Ализод дар вокунише тунд ба ин пешниҳод пурсон шуд, ки чаро ва ба чи далеле шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз манофеъи Русия дар Сурия пуштибонӣ кунанд?

Дуктур Абдулло Давлатов, раҳбари пешини Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, низ пешниҳоди Багдасаровро нописанд ва муғоир бо манофеъи миллии Русия в Тоҷикистон шумурд.

Бисёре аз исмоилиёни тоҷик ҳам ин пешниҳодро бепоя ва носозгор бо омӯзаҳои мазҳаби исмоилӣ ва ормонҳои оштиҷӯёнаи исмоилиён донистанд.

Лентаи хабарҳо
0