ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Маросими ифтитоҳи ин омӯзишгоҳ бо ширкати сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, муовини раиси вилояти Хатлон Мағфират Хидирзода ва раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода баргузор шуд.
Мағфират Хидирзода дар ин маросим аз Ожонси ИМА барои тавсеъаи байналмилалӣ (USAID) барои ёриву ҳамкорӣ дар роҳандозии ин маркази омӯзиши бонувон сипосгузорӣ кард.
Ҳадаф аз роҳандозии ин омӯзишгоҳ ҷалби занону духтарон ба коромӯзии ройгон аст то ба ин васила аз соҳибкории занона ҳам пуштибонӣ шавад. Дар ин бунгоҳ 10 дӯзанда тамомвақт кор карда ва дар як сол камубеш 150 касро омӯзиш хоҳанд дод.