ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми вазорати корҳои хориҷӣ дирӯз Сироҷиддин Аслов вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саудӣ дидор кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангу маориф ва робитаҳои башарӣ баррасӣ намуданд.
"Роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати татбиқи минбаъдаи тавофуқоте, ки дар сатҳи олии ду кишвар моҳи январи соли 2016 дар Риёз ҳосил шуданд, таъкид гардид", — омадааст дар иттилоъия.
Манбаъ меафзояд, ки атрофи дигар масоили мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.