ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ширкати мухобиротии суедии "Telia" аз фурӯши 60 дарсади саҳоми мудириятии ширкати "Tcell" — расонандаи хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон, ба Бунёди тавсеъаи иқтисодии Оқохон хабар дод.
Маблағи ин қарордоди хариду фурӯши 60 дарсад аз саҳом 27,7 милюн дулори амрикоӣ буда, уҳдадориҳо ё бидеҳиҳои молиётии ширкатро ҳам дар бар мегирад. Арзиши қарордод бар пояи арзиши куллии ин ширкат баровард шуда, ки он 46,2 милюн дулор арзёбӣ шудааст.
AKFED то чанде пеш 40 дарсад аз саҳоми ширкати "Tcell"-ро дар ихтиёр дошт ва ин муъомила Бунёди тавсеъаи иқтисодии Оқохонро ягона молики ин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон мегардонад.
Ёдоварӣ мекунем, ки Кумитаи молиёти Тоҷикистон ширкати "Тсел"-ро дар паи бозрасиҳои молиётӣ ҷарима баста буд ва муваззаф ба пардохти 155 милюн сомонӣ бидеҳиву товон карда буд. Хадамоти зиддиинҳисори Тоҷикистон ҳам дар паи ин ҷаримабандӣ иҷоза намедоданд ширкат саҳомашро муъомила кунад.
Ширкати "Telia Sonera" он замон бо нашри як изҳорот талаботи масъулини андози Тоҷикистонро ғайриқонунӣ ва номақбул хонда буд.