Расонаҳо дар Тоҷикистон аз Узбакистон озодтаранд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкИдораи радио, акс аз бойгонӣ
Идораи радио, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар радабандии озодии расонаҳо бар пояи гузориши бунгоҳи “Гузоришгарони бемарз” 149-умин ҷойгоҳро доро шудааст

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар гузориши солонаи озодии расонаҳо як рада боло баромад. Дар ин бора созмони байналмилалии пуштибони озодии расонаҳо ва расонанигорон "Гузоришгарони бемарз" хабар додааст.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҷумҳуриҳои пешини Иттиҳоди Шуравӣ "сензура ва фишор бештар шудааст".

Бар пояи ин гузориш, Тоҷикистон дар 149-ум рада ҷой гирифтааст. Ҷолиб аст ки Русия дар ин радабандӣ як сатр болотар аз Тоҷикистон ҷой дода шуда ва Узбекистон дар сатри 169-ум, Қазоқистон — 157-ум, аммо бадтарин ваъро дар кишварҳои пасошуравӣ расонаҳову расонанигорон дар Туркманистон доштаанд.

Дар ин гузориш болтарин ҷойгоҳро Норвегия дорад ва пас аз он Финландия ва Суед ҷой гирифтаанд.

Амрико дар ин гузориш 43-умин ҷойгоҳро дорад.

Бар пояи омори "Гузоришгарони бемарз", расонаҳо дар Куреи Шимолӣ аз ҳечгуна озодие бархӯрдор нестанд. Созмон ин кашварро дар пойинтарин рада ҷой додааст.

Лентаи хабарҳо
0