ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки имрӯз ба раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, тарҳи ислоҳи ду қонун баррасӣ ва тасвиб карда шуд.
Ба гузориши равобити умумии Маҷлиси намояндагон, дар ин ҷаласа нахуст тарҳи "Қонун дар бораи хидмати алтернативӣ"-ро баррасӣ шуд, ки онро Вазорати дифоъ таҳия карда ва раҳбари ин ниҳод Шералӣ Мирзо онро ба Маҷлис пешниҳод кардааст. Ин тарҳ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлис баррасӣ шуд ва намояндагон онро тасвиб карданд.
Масъалаи дигаре, ки дар рӯзномаи иҷлосия қарор дошт, пешниҳоди тарҳи ислоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди фасод" буд. Ин тарҳро мудири Ожонси мубориза бо фасод Сулаймон Султонзода муаррифӣ кард. Он низ дар кумитаҳои маҷлис баррасӣ ва тасвиб шуд.